Вазифаи ширкат:

Татбиқи қарорҳои пешрафтаи рақамӣ ва муҳандисӣ барои беҳтар кардани сифати ҳаёти ҳаррӯзаи мизоҷони эҳтимолии мо.
Агар шумо ба хизматрасониҳои ҶСК «Системавтоматика» таваҷҷӯҳ дошта бошед, мо аз ҳамкорӣ бо шумо хурсандем. Мо умедворем, ки ҳамкории мо пурсамар ва барои ҳар ду ҷониб судманд хоҳад буд.

ҶСК «Системавтоматика» ба ҳама ташкилотҳои манфиатдор татбиқи намудҳои гуногуни лоиҳаҳои калидиро пешниҳод менамояд:

1. Корхои сохтмону барк;
2. Насб ва нигоҳдории системаҳои муҳофизатӣ, сӯхтор, бехатарӣ ва зидди сӯхтор дар асоси (симдор ё бесим) дар дохили система;
3. Насб ва нигоҳдории системаҳои CCTV ва назорати видеоии рақамӣ;
4. Насб ва нигоҳдории системаҳои назорат ва идоракунии дастрасӣ;
5. Таҳия, насб ва нигоҳдории манбаъҳои алтернативии энергия (офтоб, шамол, об);
6. Кор карда баромадан ва васл кардани конструкцияхои металлй.

Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Системавтоматика» беш аз 20 сол боз бо масъалаҳои технологияи муосир дар Тоҷикистон машғул аст. Дар ин муддат ҶСК «Системавтоматика» яке аз пешсафони соҳа гардида, сазовори унвони шарики боэътимод гардид, ки барои кор бо он қулай ва фоидаовар аст.

Бо шарикони дигар мамлакатхо алокахои зичи илмй, тичоратй ва дилерй мукаррар карда шудаанд. Диққати асосии корхона ба тарҳрезӣ ва татбиқи технологияҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетикаи алтернативӣ нигаронида шудааст. Миёни мизоҷони доимии мо ташкилотҳои давлатӣ ва байналмилалӣ, бонкҳо, корпоратсияҳо, сохторҳои тиҷоратӣ, намояндагони соҳибкории хурду миёна, инчунин шахсони воқеӣ ҳастанд.


Таърихи ширкат:
1958 трести «Средазспецавтоматика»,
1970 ВПМО «Автоматика»,
1973 Бюрои конструктории АКС ТЧ «Среднеазавтоматика»,
1979 ДПКТБ «Спецавтоматика»,
1988 г. ДПКТБ «Таджиксистемавтоматика»;
1996 г. НПО «Таджиксистемавтоматика»;
1999 г. АООТ «Системавтоматика»;
2008 ҶСК Системавтоматика.

Рисунок1photo_2023-10-18_15-11-46

Воситаҳои истеҳсолии мавҷуда